Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири супоришҳои махсуси ИМА роҷеъ ба масъалаҳои озодии дин

23.09.2019 08:27

22 сентябри 2019 дар Ню-Йорк дар ҳошияи ҷаласаи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ  Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири супоришҳои махсуси ИМА роҷеъ ба масъалаҳои озодии дин Самуел Браунбек барпо гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди масъалаҳои вобаста ба озодии дин, инчунин ҳамкорӣ миёни мақомоти ду кишвар дар самти мазкур мубодилаи афкор намуданд.

IMG-0443-23-09-2019-10-19.jpg

 

Нигористон

Тақвим