Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини ёвари Котиби давлатии ШМА

29.03.2019 02:23

28 марти соли 2019 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланди СММ оид ба “Иқлим ва рушди устувор барои ҳама”, бо Муовини ёвари Котиби давлатии ШМА хонум Эллис Уэлс мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла пайгирии натиҷаҳои машваратҳои дуҷонибаи солона миёни ду кишвар, таҳкими ҳамкориҳо дар сиғаи С5+1, мубориза бо чолишҳо ба монанди терроризму ифротгароӣ ва маводи мухаддир, таҳкими сарҳад ва вазъият дар Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

690.jpg

692.jpg

 

Нигористон

Тақвим