Сафири Фавқулода ва Мухтор
Завқӣ Завқизода –бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2025 ба ҳайси cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка таъйин гардид. Ӯ 17 майи соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Завқизода дорои дараҷаи доктори илмҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Австралия буда, беш аз 30 соли таҷрибаи васеъ дар соҳаҳои сиёсати рушди иқтисодӣ, молияи байналмилалӣ, бонкдории марказӣ, моделсозӣ ва пешгӯии макроиқтисодӣ ва дипломатия дорад. Ӯ дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки рушди исломӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд кор карда, барои саҳмаш дар рушди устувори иқтисодӣ ва ислоҳот дар Тоҷикистон ва минтақа эътирофи миллӣ ва байналмилалиро ба даст овардааст.
То таъин гардидан ба вазифаи навбатӣ, ӯ қариб 6 сол дар вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020-2025), муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017-2020), мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (2014-2017), роҳбари котиботи Шӯрои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машваратчии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (2011-2014), мушовири директорони иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Асъор барои Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Полша, Сербия, Швейтсария, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон (2007-2011), муовини сардори Департаменти амалиёти бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон (2006-2007), ёвари илмӣ ва омӯзгор дар Донишгоҳи миллии Австралия (2005-2006), Роҳбари шӯъбаи қарздиҳӣ ва дигар вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон (1995-2002) фаъолияти корӣ намудааст.
Завқизода – мутахассиси пуртаҷрибаи дорои малакаи баланди муошират бо маҳорати дипломатӣ ва донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), англисӣ ва русӣ мебошад.
Завқизода дорои дипломи аъло дар соҳаи баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1990-1995), магистри иқтисодии рушди Донишгоҳи миллии Австралия (1999-2001) ва доктори илмҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Австралия (2003-2006) мебошад.