Дидори сафир бо вазири алоқа ва фанновариҳои иттилоотӣ ва и.в. вазири иттилоърасонӣ ва фарҳанги Кувайт

09.10.2026 01:48

8 октябри 2026 Хусрав Нозирӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Умар Сауд Абдулазиз Ал-Умар, вазири давлатӣ дар умури алоқа ва фанновариҳои иттилоотӣ ва и.в. вазири иттилоърасонӣ ва фарҳанги Давлати Кувайт дидору гуфтугӯ кард.

Ҳолати кунунӣ ва чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои алоқа, фанновариҳои иттилоотӣ, иттилоърасонӣ, фарҳанг ва гардишгарӣ меҳвари аслии мулоқотро ташкил доданд.

Тарафайн бар аҳаммияти тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мазкур ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои мавҷуд барои густариши робитаҳо миёни Тоҷикистон ва Кувайт таъкид карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg