17 сентябри соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо ёвари Вазири молияи Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҷереми Виггинс вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистону Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро баррасӣ намуда, оид ба таҳкими робитаҳои молиявию бонкӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сармоягузорӣ ва инфрасохтор, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.