Баррасии ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ва брифинг оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии оби Душанбе дар Маркази Авруосиёи Шӯрои Атлантик

28.05.2026 12:49

​​​​​​

Санаи 22 майи соли 2026 дар шаҳри Вашингтон бо ташаббуси сафоратҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Маркази Авруосиёи Шӯрои Атлантик мизи мудаввар оид ба баррасии ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамзамон брифинг оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии оби Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷараёни нишаст Сафири Тоҷикистон қайд намуд, ки бо шарофати иродаи оливу қавии сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров баҳси садсолаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли пурра ва доимии худро ёфт, ки ин руйдоди муҳими таърихӣ ва ҳолати нодир дар таҷрибаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин аҳамияти таърихии Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз 31 марти соли 2025 ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар таъкид гардид.

Ҳамзамон дар мизи мудаввар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии оби Душанбе ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим ба иштирокдорон пешниҳод гардида, аз онҳо хоҳиш карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси Душанберо пайгирӣ ва дар нашрияҳои худ инъикос намоянд.

Илова ба ин Сафири Тоҷикистон ба як қатор саволҳои иштирокдорон, аз ҷумла оид ба ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи обу энергетика, лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун”, ҳамгироии нақлиёту логистикӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ ва ғайра посух дод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg