15 майи соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ ба қароргоҳи Ситоди муттаҳидаи Гвардияи миллии Вирҷиния ташриф оварда, бо фармондеҳи гвардия Генерал-майор Ҷеймс Ринг вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ тарафҳо вазъи кунунӣ ва густариши ҳамкориҳоро байни Тоҷикистон ва ШМА дар самтҳои таъмини амнияти сарҳадӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, суботи минтақавӣ ва тақвияти иқтидори нерӯҳои ҳарбию марзӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин Сафир аз полки 183-уми Институти омӯзиши низомии минтақавӣ дидан карда, бо рафти машқҳои низомии сарбозон шинос шуд.