26 феврали соли 2026 дар шаҳри Лондон нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати кишвар таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Зимни нишаст ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, доир ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, таҳкими робитаҳо дар соҳаи амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ зикр намуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар солҳои охир дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм тамоюли мусбат касб намудааст. Таъкид гардид, ки баргузории нишасти мазкур бозгӯи иродаи қавии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими шарикии созанда бо Британия Кабир ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамзамон, аҳамияти талошҳо дар самти пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, пешбурди ташаббусҳои обу иқлим ва муколамаи байнифарҳангӣ таъкид гардиданд.
Ҷонибҳо аз таъсиси ин қолаби ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки чунин нишастҳо минбаъд мунтазам доир гарданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan