Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сенатори Штатҳои Муттаҳидаи Америка

09.01.2026 11:33

8 январи соли 2026 вохӯрии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо сенатори амрикоӣ, узви кумитаҳои Сенати ШМА доир ба робитаҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои табиӣ, инчунин ҳамраиси гурӯҳи (кокус) муштараки Сенат оид ба Осиёи Марказӣ Стив Дейнс доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка, бахусус тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳокима гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg