
5 январи соли 2026 дар Котиботи давлатии ШМА вохӯрии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба корҳо бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро ҷиҳати иҷрои мувофиқаҳои бадастомада байни роҳбарони ҳарду кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Доналд Ҷ. Трамп дар моҳи ноябри соли 2025 муҳокима намуданд.