Маълумоти умумӣ оиди Сафорат

25.07.2019 07:39

12.jpg

Бо мақсади таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка, дар соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Сафорати худро дар ШМА ифтитоҳ намуд. Аз он замон, Сафорати Тоҷикистон дар ш. Вашингтон дарҳоро боз кард ва пурра фаъолияти худро шурӯъ намуд.

Бояд қайд намуд, ки Сафорат дар иншооти таърихии бо номи “Секунҷаи Шнайдер”, ки дар соли 1889 аз ҷониби Томас Франклин Шнайдер таҳия ва сохта шудааст, қарор дорад. Иншооти мазкур, ин маҷмуъи тарзҳои қароргоҳҳои Ричардсони Романӣ ва Маликаи Анна мебошад. Иншоот аз бисту ду бинои бо ҳам пайвастшуда ва ҳавлии дарунии марказӣ иборат мебошад. Бинобар ҷойгиршавии кӯчаҳои ш.Вашингтон, иншоот шакли секунҷаро дорад. “Секунҷаи Шнайдер” як порчаи хурди таърихи Америка аст, ки дар соли 1978 ба Рӯйхати ҷойҳои таърихии Ҳавази Колумбия илова карда шудааст ва дар соли 1982 ба Феҳристи миллии ҷойҳои таърихӣ ворид карда шудааст.

Ҳоло, яке аз бисту ду бино, бо суроғаи 1005 хиёбони Ню-Ҳемпшир, Шимолу-Ғарб, Вашингтон, Ҳавзаи Колумбия, 20037, ҳамчун Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка хидмат мекунад.

Илова ба ин, дар дохили бинои мазкур бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА барои таъмини як қатор хизматрасониҳо ҳам ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА ва ҳам ба шаҳрвандони ШМА, қарор дорад.

Агар ягон савол дошта бошед, лутфан ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА муроҷиат намоед (Вашингтон Ҳ.К.).

Нигористон

Тақвим