Хизматрасониҳои консулӣ

12.11.2019 08:50

Дар доираи расонидани хизматҳои консулӣ, консулҳо вазифаҳои зеринро амалӣ менамоянд: 
-андешидани чораҳо ҷиҳати он, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра аз тамоми ҳуқуқҳои ба онҳо пешниҳоднамудаи қонунгузории давлати будубош (иқомат) истифода кунанд; 
- ҳисобгирии шахсони дар ҳавзаи консулгарии ў ба таври доимӣ истиқоматкунанда ва ба таври муваққатӣ қарордоштаро ҷорӣ менамояд; 
- ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои хизматии намояндагони дар ҳудуди ҳавзаи консулгарӣ қарордоштаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳавзаи консулгарии ў меоянд, мусоидат менамояд; 
- шаҳрвандони дар ҳавзаи консулгарии ў ба таври муваққатӣ қарордоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии давлати будубош (иқомат) хабардор менамояд; 
- барои намудани чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ ба шаҳрвандони дар ҳавзаи консулгарии ў зиндагикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд; 
- ҳуқуқ дорад, ки дар муассисаҳои давлати будубош шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд, агар онҳо ҳузур надошта бошанд ва пешбурди корро ба ягон шахси дигар вогузор накарда бошанд ва ё манфиатҳои худро бо сабабҳои дигар ҳифз карда натавонанд; 
-супориши мақомоти тафтишотӣ ё судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад, агар ин амал бо қонунҳои давлати иқомат манъ нашуда бошад; 
- ҳуқуқ дорад, ки сабти санадро оид ба писархонд (духтархонд) кардани кўдаке, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, анҷом диҳад; 
- ҷиҳати муқаррар кардани парасторӣ нисбат ба шаҳрвандони ноболиғи бетарбиямонда, ки дар ҳавзаи консулгарии ў қарор доранд, тадбирҳо меандешад; 
- ҷиҳати ҳифзи амволе, ки пас аз вафоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мондааст, тадбирҳо меандешад; 
- ҳуқуқ дорад, ки оид ба ирсоли амволи меросӣ ба меросхўрон (ворисон)-и дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта тадбирҳо андешад; 
- маълумотии биометрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳияи шиноснома ҷамъоварӣ менамояд ва дар зарурат дар онҳо навиштаҷоти дахлдор ворид мекунад; 
- ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа (бешаҳрванд) раводид медиҳад; 
- ҳуқуқ дорад, ки аризаҳо (дархостҳо)-ро барои қабул, баромад ва барқарорсозӣ ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намояд; 
- метавонад ба Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба маҳрумсозӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд; 
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳолати граждании шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад; 
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти нотариалиро амалӣ менамояд; 
- ҳуҷҷатҳо ва санадҳои аз мақомоти салоҳиятдори ҳавзаи консулгарӣ воридшударо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ мегардонад; 
- дархост (ариза)-ҳоро ба таъйидкарди ҳуҷҷатҳо дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.

Нигористон

Тақвим