Таҷлили Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Уфа

27.03.2022 16:01

Санаи 27 марти соли равон Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсия Россия дар Бозори яклӯхти “Евразия”-и  шаҳри Уфа Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо намояндагони миллатҳои гуногуни Ҷумҳурии Бошқирдистон таҷлил намуд. Дар ҷашни мазкур колнсули генералӣ Эмом С.Д., намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, аз ҷумла раиси Раёсати руҳониёни мусулмонони марказии Россия, муфтии олӣ, Шайхулислом Талгат Сафа Тоҷиддин, муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Бошкирдистон – Лапшина Н.М.,  раиси Анҷумани халқҳои Ҷумҳурии Бошкирдистон – Рахматулина З., раиси Кумитаи ичроияи Курултайи умумичахонии бошқирдҳо Юсупов Ю. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар баромади худ консули генералӣ Эмом С.Д., иштирокчиёни ҷашнро ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, фарорасии фасли баҳор ва эҳёи табиат - самимона табрику муборакбод намуда, аз оинҳои пуршарафи наврӯзӣ ёдовар шуда, ҳозирини гиромиро ба поксозии қалбҳо, бахшиши гуноҳҳои ҳамдигар, таҳкими дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҳидоят намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg