Санаи 21 декабри соли ҷорӣ кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа дар бинои консулгарӣ Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байён гардид, ба таври мустақим тариқи шабакаи телевизонии давлатӣ тамошо намуданд.
Пас аз анҷоми пахши мустақим кормандони консулгарӣ оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар табодули назар намуда, аз ҷониби иштирокчиён тасмим гирифта шуд, ки дар вохӯриву сӯҳбатҳо бо намояндагони мақоматҳои маҳалӣ ва шаҳрвандонамон дар ҳавзаи консулӣ муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба саҳми онҳо расонанд.