Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, санаи 4 декабри соли ҷорӣ дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии нафтиву техникии шаҳри Уфа байни дастаҳои донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Уфа, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқирдистон, Донишгоҳи давлатии аграрии Бошқирдистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Уфа, Донишгоҳи давлатии нафтиву техникии шаҳри Уфа ва дастаи Консулгарии генералӣ мусобиқаи варзишии футболи хурд баргузор гардид.
Сараввал Консули генералӣ Эмом С.Д. ба ҳозирин дар мавриди омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия суханронӣ намуда, оид ба ҳодисаҳои охире, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба амал омаданду мушкилотҳои ҷойдошта ҳалли худро ёфтанд маълумоти муфассал дода, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон фаъолона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, аз ҳамагуна хатарҳои муосир канораҷуӣ намоянд