Санаи 12 сентябри соли равон Консулгарии генералӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон, раисону фаъолони ҷамъияти тоҷикони ҳавзаи консулӣ ва ҳамватанони муқими ҳавзаи консулӣ ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуд.
Дар оғози чорабинӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа суханронӣ намуда, ҳамватанонамонро ба муносибати Ҷашни 30-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод карда, аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар шуд ва ҳозирини гиромиро ба таҳкими дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳидоят намуданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Бошқирдистон муовини раиси Кумитаи давлатӣ оид ба муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти конгрессӣ-Болычева М.Д., баромад намуда, иштирокчиёни ҷашновара ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, ки дар ҳолати рушд мебошад суханронӣ намуданд.