26 июли соли равон вохӯрии Консули генералӣ бо Раиси Раёсати руҳониёни мусулмонони марказии Россия, муфтии олӣ, Шайхулислом Талгат Сафа Тоҷиддин баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат ҷиҳати пешгирии таблиғоти манфӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равшансозии афкори умум дар кишвари иқомат ба диққати иштирокчиёни вохӯрӣ тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ҳаёти динии ҷомеа, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида дар кишвар, ниҳодҳои сохтории дар ин самт ташкилшуда, таъсис ва бунёд намудани масҷидҳо, мадрасаҳо, бозсозии ҷойҳои муқаддас ва ба истифода додани бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ, ки дар рӯзҳои наздик бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар дар шаҳри Душанбе кушода мешавад ва дар як вақт беш аз сад ҳазор нафар намоз мегузорад, маълумот дода шуд.
Дар навбати худ Раиси Раёсати руҳониёни мусулмонони марказии Россия Талгат С.Т. дар бораи сохторҳои иттиҳодияҳои динии замони шуравӣ ва Россияи ҳозира ва фаъолияташ дар ин ниҳодҳо сӯҳбат намуда, таъкид намуд, ки фаъолияти ҳамкории иттиҳодияҳои динии ҳарду кишвар камранг буда, дар ин самт ҳамкориҳо бояд ҷонок карда шаванд.