16 июни 2021 вохӯрии Консули генералӣ бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Хакимов Тимур Артурович баргузор гардид
Дар раванди вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои шиносоӣ бо фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистону Бошқирдистон, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва иштироки намояндагони ширкату корхонаҳои ҳарду ҷониб дар лоиҳаҳои сармоягузориро матраҳ намуданд.
Ҳамчунин Консулгарии генералӣ оид ба баргузории конфронси маҷозӣ миёни Палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон бо иштироки васеъи соҳибкорони ҳарду ҷониб дар арафаи сафари Президенти Федератсияи Россия Путин В.В. ба шаҳри Душанбе пешниҳод гардид, ки ин пешниҳодро Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Хакимов Т.А., хуш қабул намуд.