Вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Уфа бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон

29.06.2021 13:33

Санаи 29 июни соли равон вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Уфа Эмом Саид бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Назаров А. Г., Муовини аввали сарвазир-вазири рушди иқтисод ва сиёсати инвеститсионии Бошқирдистон-Муратов Р.Х., раиси Кумитаи давлатии равобити иқтисоди хориҷӣ- Боличева М.Д. ва роҳбари намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар ш. Уфа –Галиакбаров В.М. баргузор гардид.

Зимни суҳбат Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Андрей Назаров оид ба дастовардҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт ва нақлиёт, саноату савдо, маорифу фарҳанг ва сайёҳӣ изҳори назар намуда,  дар идома доир ба муносибатҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, ки солҳои охир дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, иқтисоду савдо ва сайёҳӣ  дахл намуда, онро нек  арзёбӣ кард. Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки дар оянда низ ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилаи судманд қадамҳои устувор хоҳем гузошт.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Саид Эмом дар навбати худ оид ба рушди ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисодиёту нақлиёт, саноат, энергетика, маорифу фарҳанг инчунин, оид ба ҷалби соҳибкорони ҳарду кишвар баҳри ҳамкории муштарак ва иҷозати сафари муташаккилонаи  муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити ҳамагирии бемории коронавирус (COVID-19) изҳори назар намуда, инчунин доир ба фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва саноатҳои кӯҳиву сабук маълумот дод.

WhatsApp-Image-2021-07-06-at-09-24-25.jpegWhatsApp-Image-2021-07-06-at-09-24-26.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg