Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия

30.04.2021 15:29

30 апрели соли равон Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо иштироки Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сатторов И.М. ва роҳбари Намояндагии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирзозода З.Т. бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ оид ба манфиатҳои миллии кишвар ва ҳимояи шаҳрвандонамон, аз ҷумла ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин  доир ба сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  ва иштироки он дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Авруосиё, ки рӯзҳои 29-30 апрели соли равон дар шаҳри Қазон баргузор гардид, ба шаҳрвандонамон маълумот дода шуд.

Инчунин, аз ҷониби иштирокчиён ва фаъолони ҷаъмияти тоҷикони шаҳри Қазон таъкид гардид, ки  ҳамватанонамон аз шомил шудан ба ҷараёну равияҳои террористию экстремистӣ дар хориҷи кишвар худдори намоянд.

Дар фарҷоми сӯҳбат ба шаҳрвандонамон оид ба ҳодисаҳои дар марз бо Қирғизистон, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар, аз ҷумла дар бораи оташбас, омодагии ҷонибҳо барои ҳалли вазъияти ба вуҷудомода ва вазъи кунунӣ дар мавзеъҳои ҳаммарз маълумот дода шуд.      

SHAKH1.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg