17 марти соли равон вохӯрии консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо раиси Кумитаи давлатии оид ба робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Бошқирдистон Болычева М.Д. баргузор гардид.
Ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои дурнамои минтақавӣ ва кишвар сӯҳбат карда, нақшаҳои кори муштаракро муайян намуданд.
Консули генералӣ дар навбати худ оид ба рушди ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқордистон дар соҳаҳои иқтисодиёту нақлиёт, саноат, энергетика, маорифу фарҳанг ва ҷалби соҳибкорони ҳарду кишвар баҳри ҳамкориҳои муштарак ибрози назар намуд. Ҳамчунин доир ба фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва саноатҳои куҳиву сабук маълумот дода, феҳристи маҳсулотҳои саноатӣ ва хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои корбарии минбаъда пешниҳод намуд.