Санаи 22.03.2021 бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсия Россия дар бинои ҳозиразамон «Арт-квадрат» - и шаҳри Уфа бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон ва ҳамватанонамон Ҷашни байналмилали Наврӯзи хуҷастапай таҷлил гардид.
Дар оғози чорабини Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом С.Д. суханронӣ намуда, ҳамватанон ва иштирокчиёни ҷашнро ба муносибати фарорасии фасли баҳор ва эҳёи табиат - Иди байналмилалӣ Наврӯз самимона табрику муборакбод намуда, аз оинҳои пуршарафи наврӯзӣ ёдовар шуда, ҳозирини гиромиро ба поксозии қалбҳо, бахшиши гуноҳҳои ҳамдигар, таҳкими дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҳидоят намуданд.
Баъдан аз ҷониби Ҷумҳурии Бошқирдистон раиси кумитаи давлати оид ба муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва фаъолияти конгрессӣ Болычева М.Д., роҳбари намояндаи Вазорати корҳои хориҷаи Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа - Галиакберов В. М., раиси кумитаи маориф ва тандуристии Маҷлиси Ҷумҳурии Бошқирдистон - Харасов С.Ф., директори Хонаи дӯстии халқҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон - Султанмуратов И.З. суханронӣ намуданд.
Дар ҷашни Наврӯзӣ дастурхони идонаи «Ҳафтсину Ҳафтшин» бо сабзаву суманак ороста гардида, мероси бойи аҷдодонамон намунаи асарҳои косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оиди таърих ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон, маводҳои таблиғотӣ доир ба муарифии симои мусбии кишварамон ба манзури иштирокчиён пешкаш гардид.