Санаи 19 сентябри соли ҷорӣ дар Бозори яклухти меваю сабзавоти шаҳри Уфа “ЕврАзия” консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом Саид Давлат дар якҷоягӣ бо намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Фатоҳзода Абдусатор ва корманди масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сангинов Бахтиёр Бобоевич бо фаъолони ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Бошқирдистон, соҳибкорони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ анҷом доданд.
Консули генералӣ Эмом С.Д. ҷаласаро оғоз намуда, баъдан ба ҳозирин чунин маълумот доданд, ки бо қарори раиси Маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои консулгарӣ участкаи интихоботӣ кушода шудааст ва омодагиҳо барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо давом дорад.
Дар идомаи суханронии худ, консули генералӣ аз фаъолони ҷамъияти тоҷикон хоҳиш намуд, ки омодагиро барои баргузории интихобот пурзур намуда, аз шаҳрвандонамон даъват ба амал овард, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ ба бинои консулгарӣ ташриф оварда ба номзади арзандаи худ райъ диҳанд.
Баъдан намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ А.Фатозода оид ба дастовардҳои кишварамон дар даврони истиқлолият баромад намуда, таъкид намуданд, ки шаҳрвандони мо бояд эҳтиёткор бошанд, фирефтаи ҳаргуна равияву гурӯҳҳои террористию экстремистӣ нашуда, ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар нагузоранд.
Дар вохӯрӣ фаъолони ҷамъияти тоҷикон ва соҳибкорон низ суханронӣ намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти кӯмак ба шаҳрвандони мӯҳтоҷ ҳангоми ҳамагирии ҷаҳонии коронавирус (COVID-19) маълумот доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби намояндаи Сафорат С.Б. соҳибкорони саховатпеша ва фаъолони ҷамъияти тоҷикон бо “Ифтихорнома”-и Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия қадрдонӣ карда шуданд.