Дар баробари оне, ки соҳибкорони саховатхешаи ватанӣ ба шаҳрвандонамон дар давраи ҳамагирии коронавирус дар ҳамаи 14 минтақаҳои ҳавзаи консулӣ маводи хурокаи ниёзи аввал тақсим мекарданд, санаи 21 майи соли равон бошад аз ҷониби намояндагони ширкати “Эконом-маркет” дар қабулгоҳи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ба 146 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯён кумаки молиявии хайриявӣ расонида шуд.
Кумаки молиявии хайриявӣ андозаи 500 ҳазор рубли русӣ ташкил дода, ба оилаҳои муҳоҷирони меҳнатие, ки ҷойҳои кории худро аз даст додаанд 5 ҳазор рубли русӣ ва ба донишҷӯён бошад 3 ҳазор рубли русӣ тақсим карда дода шуд.