Вохӯрӣ бо Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон оид ба илм ва таҳсилоти олӣ

05.03.2026 19:55

4 марти соли 2026 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Файзуллозода Фаридун бо Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон оид ба илм ва таҳсилоти олӣ Мустафина Светлана Анатолевна баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистонро дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро мусбат арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, густариши робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмӣ, инчунин роҳандозии барномаҳои муштараки илмӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти таҳсилот ва таҳқиқоти илмӣ иброз намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg