24 феврали соли 2026 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷкистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафари корӣ Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров мулоқот кард.
Зимни мулоқот масъалаҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисод, савдо, бахши агросаноатӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сайеҳӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ Д. Гулмаҳмадзода Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Файзуллозода Фаридунро ба Раиси минтақа расман муаррифӣ намуд.
Дар зимн, ҳамсуҳбатон ба густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар сатҳи байниминтақавӣ тамаркуз карданд.



