10 феврали соли 2026 мулоқоти кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Файзуллозода Фаридун бо Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти конгрессии Ҷумҳурии Бошқирдистон Боличева Маргарита Дмитриевна баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва имкониятҳои васеи рушди он дар соҳаҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва сармоягузорӣ зоҳир карда шуд. Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои сайёҳӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.



