Иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа дар конфронси илмӣ-амалии донишҷӯён «Муколамаи фарҳангҳо».

22.03.2025 16:44

 

21 марти соли 2025 бо даъвати роҳбарияти Донишкадаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Уфа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Т. Раҳимов дар Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии донишҷӯён «Муколамаи фарҳангҳо» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз иштирок намуд.   

 Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ директори Институти ҳуқуқшиносии Донишгоҳи илм ва технологияи Уфа И.Гиззатуллин, консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Т.Раҳимов ва аз номи Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Уфа котиби дуюми Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Аҳматгалиев суханронӣ намуданд. 

 Консули генералӣ ба иштирокчиёни конфронс оид ба таърихи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва анъанаҳои таҷлили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни миллӣ маълумот дод.  

                          

                                                                 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg