28 декабри соли 2024 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими телевизиони Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони Муассисаи консулӣ, донишҷӯёни тоҷик ва фаъолони ҷамъияти тоҷикон шаҳри Уфа ширкат доштанд.