17 сентябри соли 2024 Консулгарии генералии ш. Уфаи Федератсияи Россия ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмии татанавӣ баргузор намуд.
Дар ин маъракаи ҷашни Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Маҷлиси давлатӣ - Курултойи Ҷумҳурии Бошқирдистон, муовини директори Раёсати ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндагони Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар ш.Уфа, роҳбарони донишгоҳои олии Федератсияи Россия дар ш.Уфа, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон, донишҷуёни тоҷик ва ҳамватанони муқими ҳавзаи консулӣ ширкат варзиданд. Зимни суханронии ифтитоҳӣ дар ин маъракаи расмӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфаи Федератсияи Россия Темур Раҳимов ҳозиринро ба ин ҷашни бузурги таърихӣ табрику таҳният гуфта, оид ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишвар, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, арзёбӣ гардид. Дар назди ҳозирин, инчунин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва аз номи Ҷумҳурии Бошқирдистон муовини Раиси Маҷлиси давлатӣ - Курултойи Ҷумҳурии Бошқирдистон Илшат Тажитдинов суханронӣ намуда ба ҳозирин ва мардуми шарифи Тоҷикистон бурдбориҳо таманно намуданд. Ҳамзамон ба ифтихори Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷмаъи тарабхона намоишгоҳи меваҳои тару тоза, ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд. Чорабинии мазкур бо барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.