6 марти соли 2024 бо даъвати роҳбарияти филиали Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Т.Раҳимов дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 105-солагии Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия ширкат варзид.
Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Бошқирдистон Н.Калугина, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа Т.Раҳимов, Раиси Кумитаи тандурустӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва кор бо собиқадорони Маҷлиси Давлатӣ - Қурултойи Ҷумҳурии Бошқирдистон С.Харасов ва Директори филиали Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия дар ш.Уфа Р.Сафуанов суханронии табрикӣ намудаанд.