Вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Уфаи Федератсияи Россия бо ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷуён ва намояндагони диаспораи тоҷик дар шаҳри Нижний Новгород

23.12.2023 22:17

23 декабри соли 2023 дар шаҳри Нижний Новгород вохурии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Т.Раҳимов ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия С.Амирхонзода бо намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргузор гардид.       

Сараввал Консули генералӣ Т. Раҳимов ҳозиринро хайрамақдам гуфта, дар бораи ташаббусҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди кишвар, раванди рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон, тадбирҳои андешидашуда оид ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин тадбирҳои ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, зимни суханронӣ Консули генералӣ аз ҳозирин даъват намуд, ки дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои риояи қоидаҳои будубош, худдорӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ, паҳн ва истеъмоли маводи мухаддир корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. 

Дар идомаи мулоқот, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Федератсияи Русия С.Амирхонзода ба иштирокдорон дар бораи тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунҳои федералии кишвари буду бош дар самти равандҳои муҳоҷират маълумот дод.

Дар интиҳои вохӯрӣ, Т.Раҳимов ба роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикистонии «Умед»-и вилояти Нижний Новгород З.Муминов барои саҳмаш дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи минтақавӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони мехнатии тоҷик дар вилояти Нижний Новгород изҳори сипос намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg