8 октябри соли 2023 дар шаҳри Уфа дар Театри давлатии академии драмавии Бошқирдистон ба номи М. Гафурӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи тоҷик ва навозандагони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ вакилони Маҷлиси давлатӣ - Курултаи Ҷумҳурии Бошқирдистон, роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон, роҳбарияти донишгоҳҳои шаҳри Уфа, намояндагони ҷамъиятҳои миллии Ҷумҳурии Бошқирдистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон ва аҳли илму фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон иштирок намуданд.