Таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ш.Уфаи Федератсияи Россия

20.09.2022 00:09
19 сентябри соли 2022 Консулгарии генералии ш. Уфаи Федератсияи Россия ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи ҳамватанони муқим чорабинии расми баргузор намуд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ дар ин маъракаи расмӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфаи Федератсияи Россия Темур Раҳимов ҳозиринро ба ин ҷашни бузурги таърихӣ табрику таҳният гуфта, оид ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишвар, ки бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба амал омаданд, арзёби гардид.

Ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро Раиси кумитаи Маҷлиси давлатӣ - Курултаи Ҷумҳурии Бошқирдистон С.Ф. Харасов, Раиси Раёсати рӯҳониёни мусалмонони марказии Россия, Муфтии олӣ, Шайхулислом Талгат Сафа Тоҷиддин, Муовини раиси ш.Уфа Д. Галиуллин ва намояндаи Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар ш.Уфа муборакбодӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ин маъракаи расмии идона ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳаги тоҷикон, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқи ба намоиш гузошта шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg