2 феврали 2022 дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки роҳбарони намояндагии дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва намояндагони васоити ахбори омма брифинг дар бораи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” (Душанбе, 6-9 июни 2022) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) доир гардид.
Дар брифинг роҳбари котиботи Конфронс, раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода ва Намояндаи вежаи Подшоҳии Нидерланд оид ба ҳамкориҳои байналмилалии об Ҳенк Овинк дар бораи нақшаву ҳадафҳои Конфронси дуюми Душанбе ва Конфронси оби СММ-2023 маълумот пешкаш карданд.
Дар нишаст роҳандозии кӯшишҳои Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъкид шуда, қайд гардид, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ҳашт қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об бо иттифоқи оро қабул шуда, ин аз муҳиму сарвақтӣ будани мавзӯъ шаҳодат медиҳанд.
Ҳоло иқдоми чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” дар соли 2022 ҳамчун чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 (Ню-Йорк) пешбарӣ мешавад.
Конфронси оби СММ 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата, нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.