«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли хушнудӣ Шумо ва мардуми дӯсти Ҷопонро ба муносибати санаи муҳим дар таърихи муосири робитаҳои байнидавлатии кишварҳоямон – 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ самимона табрик мегӯям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар бемайлон густариш ёфта, имрӯзҳо бар асоси усулҳои пазируфташудаи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимоди якдигар дар марҳилаи таҳкиму тавсеаи худ қарор доранд.
Дар ин зимн мо саҳми назарраси Ҷопонро дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар арсаҳои гуманитарӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ баланд қадр мекунем.
Ба ин манзур мехоҳам фаъолияти самарабахши Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва натиҷаҳои арзишманди шарикии афзоишёбандаи кишварҳоямонро дар чорчӯбаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” бахусус таъкид намоям.
Мо алоқаманди пешбурди минбаъдаи муносибатҳои неки Тоҷикистон ва Ҷопон дар ҳама самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ҳастем ва ба ояндаи онҳо дидгоҳи мусбат дорем. Омодаем, ки баҳри ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуну мӯҳтавои нав дар оянда низ якҷоя тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.
Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Ҷопон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».
02.02.2022
http://www.president.tj/node/27652