2 феврали 2022 дар Вазорати корҳои хориҷии Япония вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Япония Ҳонда Таро баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот ҷонибҳо ҳамдигарро ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Япония муборакбод гуфтанд.
Зимнан, Т. Ҳонда ба Сафир паёми табрикии муҳтарам Кишида Фумио, Сарвазири Японияро унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Сафири Тоҷикистон низ дар навбати худ нусхаи паёми табрикии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Сарвазири Япония муҳтарам Кишида Фумио тақдим намуд.
Ҳамчунин, миёни ҷонибҳо табодули паёмҳои табрикии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Япония сурат гирифт.
Дар идомаи вохӯрӣ Сафир ва Муовини вазир аз дастовардҳои ҳамкориҳои дӯстонаи ду кишвар дар тӯли сӣ соли равобити дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд ва барои дар оянда боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.