17 ноябри 2021 Сафири Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов аз намоишгоҳи “INCHEM TOKYO 2021” боздид ба амал овард. Зимни ин боздид Сафир аз гӯшаи намоишгоҳе, ки дар он Дафтари рушди сармоягузорӣ ва технологияи UNIDO дар Япония (UNIDO ITPO Tokyo) 12 кишвари рӯ ба тараққиро, бо шумули Тоҷикистон муаррифӣ менамояд, дидан намуд. Ҳамчунин, дар доираи намоишгоҳ мулоқотҳои алоҳидаи Сафир бо намояндагони ширкатҳои гуногуни японӣ доир гардид, ки дар он имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки намоишгоҳи бузурги “INCHEM TOKYO 2021” рӯзҳои 18 ва 19 ноябр низ идома меёбад ва иштироки ҳазорон нафар дар ин намоишгоҳ дар назар аст.