14 апрели 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо Намояндаи махсуси Япония оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ – Муовини Мудири Департаменти ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупои Вазорати корҳои хориҷии Япония Токуда Шуичӣ вохӯрд.
Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар соҳаҳои мухталиф ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония баррасӣ шуданд.