Bебинар дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”

18.02.2021 13:42

Имрӯз, 18 феврали 2021 вебинар дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Вебинари мазкур бо ташаббуси Иттиҳодияи Япония оид ба савдо бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOБO) дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ташкил гардид, ки дар он намояндагони даҳҳо ширкату ташкилотҳои японӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ ширкат доштанд.

Дар оғози вебинар директори иҷроияи РОТОБО Казуҳико Акашӣ, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов ва Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Шараф суханронӣ намуданд.

Зимнан, рӯнамоии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯнамоии роҳбари ҶСП "Аввалин" доир ба фаъолияти ширкат ва таҷрибаи ҳамкории он бо ширкати японӣ сурат гирифт.

Дар охири вебинар саволу ҷавоб доир гардид, ки иштирокдорон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg