10 феврали соли 2021, вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф бо Президенти Маркази сайёҳии иттилоотии Роҳи Абрешим (STIC) Ҳисаҳиро Сасаки баргузор гардид.
Зимни мулоқот атрофи раванди ҳамкории STIC бо шарикони тоҷикистонӣ ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи туризм байни Япония ва Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.