15 декабри соли 2020 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтор Ҷалолов Мирзошариф бо муовини директори генералии Департаменти Осиёи Шарқӣ, Марказӣ ва Қафқози Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) Ҳидэкӣ ТАНАБЭ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкориҳо дар чорчӯби JICA табодули афкор намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои лоиҳаҳо дар бахшҳои мухталиф баррасӣ намуданд.