6 ноябри 2020 Сафири Фавқудодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов намояндагони Ассотсиатсияи Япония оид ба Намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО)-2025 дар Осака Масаки Ивакура ва Митсуҳиро Саиваро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози вохӯрӣ масъулини Намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО)-2025 дар Осака доир ба ҷараёни корҳои омодагӣ барои баргузор кардани ин чорабинии байналмилалӣ маълумот доданд.
Зимнан миёни ҷонибҳо атрофи мавзӯи иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур ва ҳамкории минбаъда дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.