Паёми табрикии Сарвазири Япония Суга Ёсиҳидэ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

30.10.2020 03:19

“Ҷаноби Олӣ,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,

Иҷозат диҳед Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намоям. Аз лаҳзаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон Япония пайваста бо кишвари Шумо ба нафъи рушди он ва суботи минтақавӣ ҳамкорӣ мекунад.

Бо дар назар доштани он, ки соли 2022 ба барқарории муносибатҳои дипломатии байни Япония ва Тоҷикистон 30 сол пур мешавад, ман ният дорам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, тамоми имконотро ҷиҳати таҳкими муносиботи дӯстонаи байни кишварҳоямон, аз ҷумла тавассути ҳамкорӣ дар чорчӯбаи муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» мавриди истифода қарор диҳам.

Эътиқод бар он дорам, ки ҳамкорӣ бо Шумо, бо дарназардошти таҷрибаи ғании Шумо, ба таъмиқ ва тавсеаи минбаъдаи шарикиамон мусоидат хоҳад кард.

Ба Шумо саломатии бардавом ва ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ орзу менамоям”.

http://www.president.tj/node/24369

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg