19 октябри соли 2020 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов аз Институти технологии Чиба боздид намуда, бо президенти он профессор Матсуӣ Такафумӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи мавзӯи имконияти ба роҳ мондани робитаҳои мустақим, аз ҷумла мубодилаи академикӣ байни Институти технологии Чиба ва муассисаҳои таълимии олӣ ва тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.