Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

13.05.2020 12:45

12 майи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аввалин бор дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок намуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои ниҳодҳои сиёсати хориҷиро оид ба масъалаҳои гуногуни рӯзномаи Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати ҳифзи василаҳои мавҷудаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ дар шароити ҳамагирии ҷаҳонӣ ва маҳдудиятҳои карантинӣ махсус қайд намуданд. Дар масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ муфассал табодули афкор сурат гирифт.

Дар суханронии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятноки иштироки ҷумҳурӣ дар ИДМ баён гардид.

Дар натиҷаи ҷаласа, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо гардид, 11 санад ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg