10 марти соли 2020 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф бо Менеҷери кулли Департамент оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ширкати «Toyota Motor Corporation» Такаюки Канно ва Менеҷери кулл оид ба фурӯши нақлиёт ва маркетинги ширкати «Sumitomo Corporation» Рюсуке Мияки вохӯрӣ кард.
Дар вохӯрӣ фаъолияти имрӯзаи ширкатҳои номбурда дар Тоҷикистон ва дурнамои густариши ҳамкорӣ бо назардошти имкониятҳои мавҷуда муҳокима гардиданд.