26 феврали 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов зимни сафари корӣ ба Кавасаки, яке аз шаҳрҳои саноатии Япония бо муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Кавасаки ҷаноби Шиничи Накаяма вохӯрӣ кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба роҳандозии ҳамкории судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат ва энергетика табодули назар сурат гирифт.
Сафир доир ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маълумот дода, аз доираҳои сармоягузор ва соҳибкорони японӣ даъват намуд, то дар қатори дигар сармоягузорони хориҷӣ, дар ин раванд саҳмгузор бошанд.
Дар охир таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб барои таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд ҳавасманд мебошанд.