18 майи соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар маросими қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад дар Федератсияи Россия қарор дорад, бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, инчунин оид ба мавзуъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона ва созанда баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan