14 майи соли 2026 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар қароргоҳи Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Риёз семинари муштарак дар бораи раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки баргузории он рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Арабистони Саудӣ, роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Риёз, аз ҷумла роҳбарияти Созмони ҷаҳонии об, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва васоити ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan